Фидел Кастро-раҳбари пешини Куба дар маросими баргузории 90-солагии зодрӯзи худ ширкат кард. Маросими солгард дар театри ба номи Карл Маркс дар Ҳавана баргузор шуд. Кастро ҳамроҳ бо бародараш Раул Кастро–раиси ҷумҳурии Куба ва Николас Мадуро-раиси ҷумҳури Венесуэла омад.
Дар давоми маросим вай аз ҷой барнахост ва бемор ба назар мерасид. Шояд ҳамин беморӣ сабаби кампайдо будани вай дар чашми мардум аст.
Барномаи маросими солгард аз лаҳзаҳои асосии зиндагӣ ва фаъолияти Фидел Кастро иборат буд. Вай соли 2008 ба сабаби бад шудани саломатиаш аз мақом рафт ва раҳбариро ба бародараш Раул Кастро супурд.