Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия аз Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО танқид кард


М. Човушоғлу

М. Човушоғлу

Мевлут Човушоғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия баъзе кишварҳои ҳамкораш дар НАТО-ро барои саркашӣ аз фурӯши таҷҳизот ё доду гирифти маълумоти кашф ваҳамчунин Иттиҳодияи Аврупоро барои “таҳқир”-и кишвараш интиқод кард.

Дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Билд”и Олмон, ки 15 август ба нашр расид, Човушоғлу мешӯяд, “мо бояд бо ҳамкорони дигар дар хариду фурӯши таҷҳизоти низомӣ ҳамкорӣ кунем”.

Ҳамзамон вай таъкид кард, ки Туркия “яке аз ҷонибидорони бузурги НАТО” боқӣ мемонад. Вай гуфт, сару садоҳо дар бораи имкони хуруҷи Туркия аз узвияти НАТО тавассути “доираҳои зидди Туркия ба гардиш даромадааст, на тавассути мо”.

Човушоғлу ҳамчунин гуфт, Иттиҳодияи Аврупо бо саркашӣ аз ҷорӣ кардани сафарҳои бидуни раводид дар ивази нақши Туркия дар коҳиши шиддати бӯҳрони муҳоҷирон Туркияро “таҳқир” мекунад.

XS
SM
MD
LG