Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Штайнмайер: Байни Русияву Ғарб рӯёрӯӣ вуҷуд надорад


Франк Волтер Штайнмайер
Франк Волтер Штайнмайер

Франк Волтер Штайнмайер -вазири корҳои хориҷаи Олмон гуфт, ки дар муносибатҳои миёни Русия ва Ғарб «рӯёрӯӣ» вуҷуд надорад. Вай пешбинӣ мекунад, ки дар солҳои оянда муносибатҳои Маскав ва Берлин беҳбуд хоҳад ёфт.

Вай қабл аз мулоқоташ бо Сергей Лавров-вазири короҳи хориҷаи Русия зимни суханронии худ дар донишгоҳи шаҳри Якатеринбург 15 август гуфт, ки то ҳол имкони хатми муноқиша дар шарқи Украина вуҷуд дорад ва созишномаи Минск бояд асоси ин талошҳо қарор бигирад.

Штайнмайер аз Русия ва Ғарб хост, ки дар марҳилаи душвор барои истифода «аз имконоти Шӯрои Русия-НАТО» пешқадам бошанд.

Ин суханони Штайнмайер дар ҳоле садо медиҳад, ки як рӯз пеш Лавров ба рӯзноманигорон гуфт, «гуноҳи мо нест», ки муносибатҳо бо Олмон сард шудааст.

XS
SM
MD
LG