Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Отамбоев аз Путин мехоҳад, "рӯйхати сиёҳ"-и муҳоҷиронро кам кунад


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба ҳамтои русаш Владимир Путин нома фиристода, хоҳиш кардааст, барои кам кардани "рӯйхати сиёҳ"-и муҳоҷирони қирғиз, ки аз ҳаққи ворид шудан ба Русия маҳрум гаштаанд, мусоидат намояд. Дар ин бора муовини Хадамоти давлаии муҳоҷирати Қирғизистон Алмосбек Асанбоев иттилоъ медиҳад.

Дар мактуб изҳори умедворӣ шудааст, ки хоҳиши Отамбоев мусбат ҳал хоҳад шуд.

Ба иттилои Хадамоти давлатии муҳоҷирати он кишвар, бештар аз 100 ҳазор қирғизистонӣ дар соли 2015 аз "рӯйхати сиёҳ" хориҷ шудаанд. Дар ҳоли ҳозир онҳое, ки барои берун шудан аз ин рӯйхат ҷавоби рад гирифтаанд, наздики 60 ҳазорро ташкил медиҳанд.

Қирғизистон аз 12 августи соли 2015 узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) шуд. Бисёрии муҳоҷирон бесаброна шомилшавии Қирғизистонро ба ИИАО интизор мубанд ва умедвор буданд, ки талабот дар Русия нисбати онҳо сабуктар мешавад ва ҳамчунин имтиёзҳои хосеро соҳиб мегарданд. Аммо ин сабукиҳо танҳо ба шароити қабул шудан ба кор дахл карданд.

XS
SM
MD
LG