Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анқара дар интизори ноиб-президенти ИМА


Ҷо Байден, ноиб-президенти ИМА барои баррасии эҳтимоли истирдоди Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонии мухолифи турк, ки Туркия вайро дар кӯшиши табаддулоти даватӣ айбдор мекунад, аз Анқара боздид хоҳад кард.

Дар ин бора Биналӣ Йилдирим, сарвазири Туркия хабар дода, иттилои мазкурро Кохи сафед низ таъйид кард. Қарор аст, ҳайати амрикоӣ бо раҳбарии Байден 22 август ба Анқара бираванд. Баъди он як ҳайат аз Туркия низ дар доираи сафари ҷавобӣ ба ИМА сафар хоҳанд кард.

Моҳи октябри соли равон низ қарор аст, Ҷон Керрӣ, котиби давлатии ИМА аз Анқара боздид кунад. Сарвазири Туркия гуфт, тасмими ИМА дар бораи истирдоди Гюлен ба равобити ду кишвар таъсир хоҳад расонд.

Дар Туркия бо гумони иштирок дар кӯшиши табаддулоти давлатии шаби 15 ба 16 июл беш аз 20 ҳазор одам дастгир ва зиёда аз 80 ҳазор корманди давлатию пулис ва низомӣ аз вазифаҳояшон барканор гардиданд. Ҳамаи онҳо дар иртибот бо Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонии турки муқими ИМА айбдор мешаванд.

Ибтидои моҳи август мақомоти Туркия қарори ҳабси вайро содир карданд. Худи руҳонии турк ваъда дод, ки агар гуноҳашро додгоҳи мустақиле собит созад, худро таслим хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG