Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар марги кормандони коммуналӣ раҳбарияти "Файз"-ро айбдор мекунанд


Дар вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон ду корманди хадамоти коммуналӣ зери хок мондаанд. Ҳоло нисбати раҳбарияти ширкати сохмтонӣ ва коммуналии "Файз", ки дар таъмин накардани бехатарии кормандон айбдор мешавад, тафтишот оғоз гардидааст.

Ин ҳодиса рӯзи 9 августи соли равон рух дода, кормандони хадамоти коммуналӣ, ки барои қубури фозилоб чоҳбун меканданд, дар натиҷаи чаппа шудани теппа зери хок мондаанд. Ҷасади онҳоро наҷотдиҳандагон аз чуқурии 5 метр берун овардаанд.

Шоҳидони ҳодиса дар суҳбат бо бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ду нафарро, ки аз қоидаҳои бехтараии техникӣ ва касбӣ аслан огаҳӣ надоштанд, ширкати сохтмонӣ ва коммуналии "Файз" барои кандани чоҳбун истихдом карда буд.

"Чуқуриро бидуни риояи қоидаҳои бехатарии техникӣ меканданд. Дар ниҳоят девори чоҳбун чаппа шуда, кормандон зери хок монданд", - мегӯяд яке аз сокинони Ҷиззах.

Дар ҳоли ҳозир Раёсати корҳои дохилии Ҷиззах ин ҳодисаро таҳқиқ менамояд.

XS
SM
MD
LG