Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сатҳи зард"-и хатар дар Қазоқистон то соли 2017 тамдид шуд


Маркази зиддитеррористии Қазоқистон хабар медиҳад, ки муҳлати эълони сатҳи муътадил ("зард")-и хатари террористӣ дар ҳудуди ин кишвар то 15 январи соли 2017 тамдид шудааст.

Сатҳи "зард"-и хатар баъди ҳодисаҳои Оқтеппа ва Алмаато, ки мақомот онро теракт унвон карданд, эълон шуд.

5 июн гуруҳи номаълуме, ки пайравони "равияи тунгарои исломӣ" ном гирифтанд, ду мағозаи фурӯши аслиҳаро ғорат карда ва ба қисми низомии Гвардияи миллӣ дар Оқтеппа ҳамла намуданд. Дар натиҷаи он ҳамла чаҳор сокини осоишта ва се низомӣ кушта шуд.

18 июл дар Остона марде ба кормандони пулис ҳамла карда, панҷ нафарро кушт.

XS
SM
MD
LG