Пайвандҳои дастрасӣ

"Боко Ҳаром" бар ивази аъзои боздоштшудааш духтаронро раҳо мекунад


Дар Нигерия гуруҳи террористии "Боко Ҳаром" навори видеоиеро бо иштироки духтароне, ки ду сол пеш дӯздида шуда буданд, нашр кард. Бино ба иттилои Би-би-сӣ, ифротгароён талаб доранд, ки бар ивази духтарон аъзои боздоштшудаи гуруҳ озод карда шавад.

Ҷангиёни "Боко Ҳаром" соли 2014 аз мактабе дар шаҳри Чибоки Нигерия наздики 300 донишомӯзи духтарро рабуданд. Ба гуфтаи раҳбари гуруҳ, ин духтарон ба Ислом гаравидаанд.

Бархеашон тавонистанд, аз дасти гаравгонгирҳо фирор кунанд. Дар ҷустуҷӯи онҳо ИМА, Бритониёи Кабир, Фаронса ва кишварҳои дигар низ иштирок доштанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии ҷаҳон маъракае зери унвони #BringBackOurGirls (духтарони моро боз гардонед) роҳандозӣ гардид, ки онро бонуи рақами яки ИМА Мишел Обама ва котиби пешини давлатии ин кишвар Ҳилларӣ Клинтон ва дигарон дастгирӣ намуданд.

Шӯрои амнияти СММ исми гуруҳи "Боко Ҳаром"-ро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид кардааст. Ҷонибдорони он гӯиё талош доранд, дар Нигерия шариати Исломро ҷорӣ намоянд. Соли 2015 "Боко Ҳаром" садоқаташро ба гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" эълон карда буд.

XS
SM
MD
LG