Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муовини раиси идораи заминсозии Кӯлоб


Оҷонсии мубориза бо фасоди минтақаи Кӯлоб аз боздошти муовини раиси идораи заминсозии шаҳри Кӯлоб барои қаллобӣ хабар додааст. Масъулони Оҷонсии мубориза бо фасоди минтақаи Кӯлоб рӯзи 15 август дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, Содиқҷон Мавлонов – муовини раиси идораи заминсозии шаҳри Кӯлоб чор рӯзи пеш зимни гирифтани ришва дар ҷамоати Даҳанаи ин шаҳр боздошт шудааст. Ба гуфтаи онҳо, “Содиқҷон Мавлонов аз ду сокини шаҳри Кӯлоб дар ивази ваъдаи додани қитъаи замин “пора” талаб карда ва ҳамакнун 1,5 ҳазор доллар аз маблағи ришва мусодира шудааст”. Ин масъулон мегӯянд, ҳамакнун нисбат ба Содиқҷон Мавлонов ба иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи аъмоли вай аз ҷониби мақомоти тафтишотии Оҷонсии мубориза бо фасоди минтақаи Кӯлоб идома дорад. Содиқҷон Мавлонов, ки соли 1999 ба идораи заминсозии шаҳри Кӯлоб ба кор омада, дар вазифаҳои мухталиф кор кардааст.

XS
SM
MD
LG