Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як қурбонии ҳамла дар Швейтсария даргузашт


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Пулиси Швейтсария гуфт, рӯзи 14 август як зани 34-солае ки дар ҳамлаи рӯзи 13 август дар қатори роҳи оҳан корд хӯрда буд, ва ҳамчунин ҳамлагари эҳтимолӣ вафот карданд. Дар маҷмӯъ дар он ҳамла 7 нафар ҷароҳат бардоштанд ва вазъи се нафари онҳо сангин боқӣ мемонад. Рӯзи шанбе як марди мусаллаҳ бо корд дар кантони шимолушарқии Санкт-Галлен қатори роҳи оҳанро оташ ва мусофиронро корд зад. Гумонбар, ки шаҳрванди Швейтсария ном бурда мешавад, рӯзи 14 август бар асари сӯхтани баданаш даргузаштааст. Пулис гуфт, кадом аломати ба ягон созмони террористӣ рабт доштани ин ҳамларо ҳанӯз пайдо накардааст. Ҳамла вақте сурат гирифт, ки қатор ба истгоҳи Салез, дар наздикии марзи Лихтенштейн мерасид.

XS
SM
MD
LG