Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Олмон ба бунёди "пули ҳавоӣ" то Ҳалаб


Мардум дар ҳоли фирор аз Ҳалаби ҷангзада

Мардум дар ҳоли фирор аз Ҳалаби ҷангзада

Вазири хориҷаи Олмон гуфт, шаҳри Ҳалаби Сурия ба ёриҳои башарии таъҷилӣ ниёз дорад ва зарур аст, ки барои ироаи ин ёриҳо “пули ҳавоӣ” то Ҳалаб сохта шавад. Франк-Валтер Штейнмайер рӯзи 13 август ба рӯзномаи олмонии “Welt am Sonntag” гуфт, Олмон дар мавриди ташкили “ёриҳои оҷили башарӣ” ба ин шаҳри воқеъ дар шимоли Сурия бо Амрико, Русия ва СММ вориди музокирот шудааст. Бо вуҷуди даъватҳо ба оташбас ва ваъдаи Русия барои 3 соат танаффус дар ҳамлаҳои ҳавоии ҳаррӯзааш барои расондани ёриҳои башарӣ, дар Ҳалаб хушунатҳо фурӯкаш накардаанд. Штейнмайер рӯзи 15 август дар шаҳри Екатеринбург бӯҳрони Сурияро бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров баҳс мекунад.

XS
SM
MD
LG