Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷангҷӯёнро дар Доғистон муҳосира кардаанд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти ҷумҳурии Доғистон дар минтақаи Қафқози шимолии Русия аз оғози амалиёти амниятӣ дар рустои Тагиркент-Казмалар хабар додаанд. Мақомот рӯзи 14 август гуфтанд, ки нирӯҳои амниятӣ манзили хусусиеро, ки бино ба хабарҳо, дар он чанд ҷангҷӯи эҳтимолӣ паноҳ бурдаанд, муҳосира кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, як ҷангӯи эҳтимолӣ алакай кушта шудааст. Доғистон дар маркази мавҷи хушунатҳо аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноии мусаллаҳ ва ҷангҷӯёне, ки қасди таъсиси хилофати исломӣ дар Қафқози шимолиро доранд, қарор гирифтааст. Доираҳои ҷиноӣ, ҷангҳо барои бизнес, ихтилофоти сиёсӣ ва рақобати байни кланҳо низ ба оташи хунрезиҳо дар ин ҷумҳурии ошӯбзада равған мерезанд.

XS
SM
MD
LG