Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ манъи бурқинисро дуруст номид


Бурқинисҳои сохтаи дизайнери австралиягӣ Аҳида Зиннатӣ

Бурқинисҳои сохтаи дизайнери австралиягӣ Аҳида Зиннатӣ

Додгоҳи Фаронса аз қарори шаҳрдори Канн, ки пӯшидани бурқинис, либоси оббозиеро, ки тамоми баданро мепӯшонад, манъ кардааст, пуштибонӣ кард. Шаҳрдории Канн дар поёни моҳи июл ба хотири “эҳтиром ба анъанаҳои дуруст ва дунявият” пӯшидани бурқинисро дар маконҳои оббозии ин шаҳри воқеъ дар соҳили баҳри Миёназамин манъ кард. Бурқинисро маъмулан занони мусалмон мепӯшанд. Рӯзи 13 август мақомоти курорти ҳамсояи Вилленю-Лубе низ айни қарорро қабул карданд. Се зан қарори шаҳрдори Каннро ғайриқонунӣ хонда, ба додгоҳ шикоят бурданд. Вале додгоҳи Нитса рӯзи 13 август ин шикоятро рад кард ва гуфт, қарори манъи бурқинис дар чорчӯби вазъи изтирорӣ дар Фаронса ва ҳамлаҳои ахири исломгароҳо гирифта шудааст. Вакили Ҷамъияти зидди исломбадбинии Фаронса гуфт, аз ҳукми додгоҳ низ шикоят хоҳанд бурд. Фаронса дар соли 2011 нахустин кишвари Аврупо буд, ки пӯшидани бурқаъро дар маконҳои ҷамъиятиаш манъ кард.

XS
SM
MD
LG