Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба қатори роҳи оҳан дар Швейтсария


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пулиси Швейтсария гуфт, рӯзи 13 август як марди мусаллаҳ бо корд дар кантони шимолушарқии Санкт-Галлен қатори роҳи оҳанро оташ ва мусофиронро корд задааст. Дар натиҷа 6 нафар, бо шумули як кӯдаки шашсоларо бо захмҳои корду сӯхтагӣ ба бемористон интиқол додаанд. Гумонбар, ки шаҳрванди 27-солаи Швейтсария ном бурда мешавад, низ ба бемористон интиқол дода шудааст. Вазъи бархе аз захмиён сангин гуфта мешавад. Ҳамлавақте сурат гирифт, ки қатор ба истгоҳи Салез мерасид. Ангезаи ҳамла ҳанӯз маълум нест. Сухангӯи пулис гуфт, “мо рад ё тасдиқ карда наметавонем, ки оё ин амали террористӣ буд ё на?” Дар пайи силсилаи ҳамлаҳои пурқурбонии моҳҳои охир кишварҳои Аврупо дар ҳолати бонги изтироби амниятӣ қарор доранд.

XS
SM
MD
LG