Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду нафар дар назди як масҷиди Ню-Йорк


Ню-Йорк. Акс аз бойгонӣ
Ню-Йорк. Акс аз бойгонӣ

Як рӯҳонии мусалмон ва ёвари ӯ рӯзи 13 август ҳангоми тарки масҷид баъд аз адои намоз дар минтақаи Квинзи шаҳри Ню-Йорки Амрико кушта шудаанд. Пулис гуфт, афроди мусаллаҳ ин ду нафарро аз пушт дарёб карда, аз масофаи кӯтоҳ ба сарашон тир задаанд. Пулис гуфт, дар робита ба ин ҳамла ҳанӯз касе боздошт нашудааст. Ба гуфтаи сухангӯи пулис, далели ҳамла низ ҳанӯз рӯшан нест ва шавоҳиде ҳам нест, ки ба далели мазҳабашон ҳадафи ҳамла қарор гирифтани ин ду нафарро нишон бидиҳад. Аммо ӯ афзуд, ки пулис ягон фарзияро сарфи назар намекунад. Кушташудаҳо – Мавлоно Аконҷии 55-сола ва Заррауддини 64-сола ҳарду дар замони ҳамла либоси мазҳабӣ дар тан доштаанд. Онҳо баъди интиқолашон ба бемористон даргузаштаанд.

XS
SM
MD
LG