Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳоии як қисми "сипари зинда" аз сӯи ҷангҷӯён


Ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” садҳо тан аз мардуми мулкиро, ки ҳангоми фирор аз шаҳри Манбиҷ, яке аз пойгоҳҳои асосиашон дар шимоли Сурия ҳамчун сипари зинда истифода бурданд, раҳо кардаанд, вале сарнавишти бақия норӯшан боқӣ мемонад. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, марказаш дар Лондон рӯзи 13 август гузориш дод, ки чандсад нафар аз афроди мулкӣ дигар дар дасти “Давлати исломӣ” нестанд. Ақибнишинӣ аз Манбиҷ, воқеъ дар наздикии марзи Туркия, ки аз соли 2014 дар дасти ҷангҷӯён қарор дошт, яке аз бузургтарин шикастҳои “Давлати исломӣ” аз сӯи нирӯҳои демократии Сурия, эътилофи арабҳову курдҳост, ки аз сӯи нирӯҳои ҳавоии Амрико ҳимоят мешавад. Бино ба хабарҳо, ҷангҷӯён ҳангоми фирор аз Манбиҷ ҳудуди 2000 нафар аз сокинонро ҳамчун сипари зинда истифода бурдаанд.

XS
SM
MD
LG