Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оббозӣ бо бурқинис дар Канн манъ шуд


Шаҳрдори Канн, шаҳре дар ҷануби Фаронса, дар маконҳои оббозии ин шаҳр пӯшидани бурқинисро манъ кардааст. Ин либоси оббозӣ, ки тамоми баданро мепӯшонад, маъмулан аз сӯи занони мусалмон истифода мешуд. Шаҳрдори Канн Девид Лиснар дар қароре, ки ҳанӯз дар поёни моҳи июл имзо кардааст, аз ҷумла мегӯяд, онҳое ки “либоси муносиб ва ҷавобгӯи анъанаҳои дуруст ва дунявият намепӯшанд”, ба соҳил роҳ дода намешаванд. Бино ба ин қарор, либосе, ки мансубияти диниро намоишкорона нишон медиҳад, дар шароите ки Фаронса ва маконҳои мазҳабиаш ба таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ рӯбарӯянд, метавонад ба тартиботи ҷамъиятӣ осеб бизанад.” Барои вайрон кардани ин қарор, ҷарима ба маблағи 38 евро(42 доллар) пешбинӣ шудааст. Мунтақидон ин қарорро табъизомез хонда, гуфтаанд, ки аз он ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Аз ин пеш мақомоти Марсел, ки як рӯзи ҳафтаро барои оббозӣ бо бурқинис ҷудо карда буданд, таҳти интиқодҳо ин тасмими худро лағв карданд. Фаронса дар пайи як силсила ҳамлаҳои хунине, ки масъулияташро “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт, дар сатҳи баланди омодабоши амниятӣ қарор дорад. Фаронса дар соли 2011 нахустин кишвари Аврупо буд, ки пӯшидани бурқаъро дар маконҳои ҷамъиятӣ манъ кард.

XS
SM
MD
LG