Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби ҳабси абад барои сарбози рус


Пермяков дар додгоҳ. Акс аз моҳи январи 2016
Пермяков дар додгоҳ. Акс аз моҳи январи 2016

Додситони Арманистон рӯзи 12 август дар додгоҳи шаҳри Гюмри дар шимолуғарби Арманистон барои Валерий Пермяков, сарбози русе, ки ба қатли 7 узви як хонаводаи арманиҳо айбдор мешавад, ҳукми ҳабси умрбод талаб кардааст. Ҷасади 6 узви як хонавода ва кӯдаки дусолаеро, ки ҳафтае баъд дар бемористон даргузашт, рӯзи 12 январи соли 2015 дар манзилашон пайдо карданд. Ҳамаи онҳоро бо тиру корд кушта буданд. Пермяковро баъдан дар марзи Арманистон бо Туркия дастгир карданд. Ин қазия ба эътирозҳо дар Гюмри ва Ереван алайҳи ҳузури низомии Русия дар Арманистон мунҷар шуд. Мардум талаб кард, ки сарбози русро на қозиёни рус, балки додгоҳи Арманистон муҳокима кунад. Додгоҳи Русия дар августи соли 2015 Пермяковро бо чанд ҷурм, аз ҷумла фирор аз хидмат, ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ сипас барои муҳокимаи парвандаи куштораш ба додгоҳи Арманистон супурда шуд. Русия дар пойгоҳи 102-юмаш дар Гюмри, воқеъ дар 120-километрии шимолуғарби Еревен ҳудуди 3000 аскару афсар дорад.

XS
SM
MD
LG