Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Де Ниро ҷашнвораи Сараеворо оғоз бахшид


Роберт Де Ниро бо ҷоизаи “Қалби Сараево”
Роберт Де Ниро бо ҷоизаи “Қалби Сараево”

Ситораи маъруфи синамои Амрико Роберт Де Ниро шоми 12 август ҷашнвораи синамои Сараеворо бо дарёфти ҷоиза барои комёбиҳои дар тӯли умраш ба дастоварда оғоз бахшид. Вақте дар ҳузури 3000 нафар ба Роберт Де Нирои 72-сола ҷоизаи “Қалби Сараево”-ро месупурданд, дар экрани зери осмони боз филми “Ронандаи такси” намоиш дода мешуд. Дар ин филми 40 сол пеш бардоштаи Мартин Скортсезе Де Ниро нақши асосии ронандаро бозӣ кардааст. Дар ҷашнвораи инак 22-юми Сараево, ки то 20 август давом мекунад, беш аз 200 филм намоиш дода мешаванд. Ин ҷашнвора дар пойтахти Босния дар даврони муҳосираи шаҳр дар солҳои 1992-1995 ҳамчун “амали муқовимат” таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG