Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин нишони тилои Эрон дар Олимпиада


Киёнӯш Рустамӣ баъди пирӯзӣ
Киёнӯш Рустамӣ баъди пирӯзӣ

Вазнабардори эронӣ Киёнӯш Рустамӣ дар вазни 85 кило дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро 396 килоро бардошта, рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт ва аввалин нишони тилоро дар ин Олимпиада барои тими Эрон овард. Тян Тао аз Чин бо бардоштани 395 кило ҷои дувумро гирифт. Рустамӣ дар пайи маълум шудани пирӯзиаш майдони мусобиқотро бӯсид ва ба зону зада, даст ба дуо кушод. Сипас ӯ таҳти истиқболи гарми мухлисоне, ки парчами Эронро алвонҷ медоданд, нишони тилояшро гирифт.

XS
SM
MD
LG