Пайвандҳои дастрасӣ

Тюрина дар гурӯҳи худ ғолиб шуд, вале ба даври баъдӣ роҳ наёфт 


Анастасия Тюрина

Анастасия Тюрина

Анастасия Тюрина, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқоти интихобии шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар гурӯҳи худ ғолиб шуд.

Анастасия Тюрина дар сабқати интихобии шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод миёни занон, ки рӯзи 12 август дар Қасри шиноварии олимпии Рио-де-Жанейро баргузор шуд, дар гурӯҳи худ дар байни ҳашт нафар бо натиҷаи 31,15 сония мақоми аввалро касб кард.

Умуман, дар сабқати интихобии шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод миёни занон ҳамагӣ 88 шиновар ширкат дошт. Анастасия аз 15 нафари онҳо пеш гузашт ва дар ҷойи 73-юм қарор гирифт.

Дар мусобиқоти интихобӣ Пернилле Блюмеи 22-сола аз Дания бо натиҷаи 24,23 сония ҷойи аввалро гирифт. Франческа Ҳалсалли 26-сола аз Британияи Кабир бо натиҷаи 24,26 сония дувум ва Александра Ҳерасименияи 31-сола аз Булғористон бо натиҷаи 24,42 сония севум шуданд.

Ҳамин тариқ, Анастасия Тюрина ба мисли шиновари дигари тоҷик Олим Қурбонов аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқот ва идомаи мубориза барои медалҳои олимпӣ маҳрум гашт. Анастасия Тюрина дар ҳайати тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз ҳама хурдсол аст. Вай, ки барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, 27 сентябр 15-сола мешавад. Ӯ хонандаи синфи 8-и мактаби миёнаи рақами 28-и Душанбе мебошад.

Анастасия Тюрина баъди анҷоми сабқати худ зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ аз ширкаташ дар Олимпиадаи Рио хурсандӣ намуда, гуфт, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ барои аввалин бор ба чунин натиҷа ноил шудааст Вай афзуд, “тӯли ду ҳафта дар Рио ба ин мусобиқоти бузургтарини олам омодагӣ дидам. Агар чунин шароитҳо дар мо мебуд, натиҷаи ман хеле беҳтар мешуд. Ширкат дар Бозиҳои олимпӣ маро рӯҳбаланд кард ва дар оянда мекӯшам, ки натиҷаамро хеле беҳтар намоям, то ин ки ба Олимпиадаи оянда роҳхат бигирам.”

Ҳоло танҳо аз Дилшод Назаров медали олимпиро чашмдорем.

Ба ин тартиб, аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, панҷ нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Боз ду нафари дигар аз Тоҷикистон - Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) ва Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ) - дар мусобиқоти Олимпиадаи Рио ширкат хоҳанд кард.

Муҳаммадшо Абдуллоев, раҳбари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Олимпиадаи Рио, рӯзи 12 август ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамакнун мо танҳо аз Дилшод Назаров медали олимпиро чашмдорем ва умедворем ин гурзандози пуртаҷриба,ки барои бори чорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, ин дафъа имконияти худро аз даст намедиҳад.”

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016:

15 август, варзиши сабук
Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ
Дилшод НАЗАРОВ

Нарзуллоҳи Латиф,
Рио-де-Жанейро.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG