Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асоси фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон раҳбарони додгоҳҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Рӯдакӣ ва ду додраси дигар аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Сабаби барканории баъзеи онҳо "паст задани шаъну эътибори судяҳо" гуфта мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 12-уми август якбора раҳбарони додгоҳҳои ноҳияи Рӯдакиву Бобоҷон Ғафуров ва ду додраси додгоҳҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакиро аз вазифаашон барканор кардааст. Cабаби ин барканориҳо гуногун шарҳ дода шудааст.

Аз ҷумла, бино ба хабари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Хуршед Сангинзодараиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров"бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз мақомаш барканор шудааст". Дар фармони таҳти рақами 736 гуфта мешавад, ки Шоҳзода Исроил Назаралӣ низ аз мақоми раиси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ озод шудааст, вале маълум нест, сабаби рӯи даст гирифтани ин тасмим чист.

Дар фармони нави раисиҷумҳури Тоҷикистон, инчунин, Искандар Саидзода – додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ – барои риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдорҳое, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифа озод шудааст. Сабаби барканории Халил Холиқзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе, "бинобар эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунанда" гуфта шудааст, ки нисбат ба ӯ содир гардидааст.

Бинои додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Бинои додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ин фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле содир ва нашр шудааст, ки Хуршед Сангинзода, раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ду ҳафта боз дар боздошт қарор дорад ва Искандар Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ барои гирифтани 110 ҳазор доллар ришват боздошт шуда, баъд аз имзои санади тарк накардани макони зист озод гардидааст. Масъулони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ахиран гуфтанд, ки Саидзода бемории саратон доштааст.

Хуршед Cангинзода, раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, чанд рӯз қабл аз сӯи мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт шуда буд. Як манбаи наздик ба тафтиши ин қазия ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Хуршед Сангинзода ҳангоми гирифтани ду ҳазор доллар ва додани ришват ба миқдори 50 ҳазор доллар боздошт шуда, Додгоҳи олӣ барои ҳабси пешакии вай иҷоза додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, боздошти раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамроҳи ронандааш - Баҳодур сурат гирифтааст. Мусоҳиби мо афзуд, "вай бо ваъдаи сабук кардани ҳукми додгоҳ аз як сокин 2 ҳазор доллар талаб кардааст. Вале он сокин ба мақомоти Оҷонсии зидди коррупсия муроҷиат кардаааст. Вақте сирри пора талаб кардани раиси додгоҳи Бобоҷон Ғафуров ошкор мешавад, вай барои рупӯш кардани ин кирдораш ба мақомоти Оҷонсии зиддифасод 50 ҳазор доллари «пора» пешниҳод мекунад."

Искандар Саидзода

Искандар Саидзода

Ҳамин тавр, раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми додани 50 ҳазор доллар "пора" ба муовини сардори Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд шаби 3 ба 4 август аз ҷониби кормандони ин ниҳод дастгир шудааст.

Хуршед Сангинзода моҳи майи соли гузашта аз вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон озод ва раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин шуда буд.

Ҳоло дар Тоҷикистон наздик ба 500 додрас фаъолият доранд, ки беш аз сад нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

Фасод як мушкили фарогири низоми идории Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ин кишвар дар гузоришҳои байналмилалӣ дар радифи кишварҳои фасодзадатарин номбар шуда, барои он интиқод мешавад, ки дар роҳи мубориза бо фасод танҳо бо таъқиби “моҳичаҳои хурд”-е, чун омӯзгорону табибон ё кормандони ҷамоатҳову коммисариатҳои низомӣ маҳдуд шуда, мансабдорони баландпоя ва бонуфузашро кор намегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG