Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ду раиси додгоҳ ва 2 судяро барканор кард


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон раисони додгоҳҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Бобоҷон Ғафуров, ҳамчунин ду додраси додгоҳҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакиро аз вазифа барканор кардааст. Cабаби ин барканориҳо, гуногун гуфта шудааст.

Дар хабари Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Хуршед Сангинзода, раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров "бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз мақомаш барканор шудааст."

Чанд рӯз қабл Хуршед Cангинзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, аз сӯи мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт шуда буд. Як манбаи наздик ба тафтиши ин қазия гуфт, Хуршед Сангинзода ҳангоми гирифтани ду ҳазор доллар ва додани ришват ба миқдори 50 ҳазор доллар боздошт шуда, Додгоҳи олӣ барои ҳабси пешакии вай иҷоза додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, боздошти раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамроҳи ронандааш - Баҳодур сурат гирифтааст. Мусоҳиби мо афзуд, “вай бо ваъдаи сабук кардани ҳукми додгоҳ аз як сокин 2 ҳазор доллар талаб кардааст. Вале он сокин ба мақомоти Оҷонсии зидди коррупсия муроҷиат кардаааст. Вақте сирри пора талаб кардани раиси додгоҳи Бобоҷон Ғафуров ошкор мешавад, вай барои рупӯш кардани ин кирдораш ба мақомоти Оҷонсии зиддифасод 50 ҳазор доллари «пора» пешниҳод мекунад.”

Ҳамин тавр, раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми додани 50 ҳазор доллар "пора" ба муовини сардори Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд шаби 3 ба 4 август аз ҷониби кормандони ин ниҳод дастгир шудааст.

“Дар ҳоли ҳозир алайҳи Сангинзода бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ - “додан ва гирифтани пора” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар замони тафтиш ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст,» – афзуд ҳамин манбаъ.

Хуршед Сангинзода моҳи майи соли гузашта аз вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон озод ва раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин шуда буд.

Дар фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 12 август содир шуд, ҳамчунин Искандар Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ низ барои риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдорҳое, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифа озод шудааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон тайи ин фармон Халил Холиқзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанберо "бинобар эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунанда, ки нисбати ӯ бароварда шудааст", озод кардааст. Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин Шоҳзода Исроил Назаралӣ аз мақоми раиси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ барканор шудааст.

XS
SM
MD
LG