Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши шиносномаҳо дар остонаи ҷашни Истиқлол


Дар саросари Тоҷикистон маъракаи тафтиши шиносномаҳои шаҳрвандон дар маҳалли зисти онҳо ҷараён дорад. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 12 август Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, амалиёти тафтиши шиносномаҳо дар тамоми кишвар ҷараён дорад.

Ӯ гуфт: “Пеш аз ҷашнҳои муҳим тафтиши шиносномаҳо дар тамоми ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Ҳоло, ки дар пеш ҷашни истиқлолият аст, ба ин хотир шиносномаҳо тафтиш мешаванд, то масъалаи дар қайд будану набудани сокинон мушаххас шавад. Дар чунин тафтишҳо ҳамчунин мӯҳлати хатми шиносномаҳои сокинон маълум мешавад ва ба онҳо барои иваз кардани шиносномаҳо огоҳӣ дода мешавад.”

Ходимони милиса хона ба хона гашта сокинони ҳар хонаводаро аз рӯи шиносномаҳояшон тасдиқ мекунанд. Маъмулан дар Тоҷикистон қабл аз ҷашни истиқлолият тадбирҳои амниятӣ рӯи даст гирифта мешавад. Мақомот мегӯянд, ки дар баробари санҷиши санадҳо, инчунин маҳалли зист ва ҳуввияти бошандагони ин хонаҳо санҷида мешавад. Масъулин аз шаҳрвандон даъват кардаанд, ки бо ходимони милиса ҳамкорӣ кунанд.

Дар бораи санҷида шудани шиносномаву маҳалли зисти шаҳрвандон сокинони шаҳри Кӯлоб ҳам хабар медиҳанд. Як сокини шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 12 август гуфт, ки соати 7 субҳи имрӯз дари хонаашро ходимони милиса тақ-тақ карда шиносномаҳои тамоми аҳли хонаводаро санҷида рафтанд. Онҳо гуфтаанд, ки ин тадбир дар робита бо ҷашни Истиқлол ва ҳамчунин дар остонаи боздиди президент Эмомалӣ Раҳмон аз минтақа карда мешавад. Феълан мушаххас нест, ки сафари Раҳмон ба Кӯлоб кай сурат мегирад, вале ба иттилои дарёфтӣ, ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр, президент ният дорад аз як қатор ноҳияву манотиқи кишвар дидан кунад.

Аз рӯи иттилои дигар, дар остонаи ҷашн Истиқлол инчунин силоҳҳое, ки расман дар дасти гурӯҳи махсуси шаҳрвандон қарор дорад, ҳисобу китоб мешавад. Шикорчиҳо ҳам ба ҳамин гурӯҳ шомил мешаванд. Абдукарим Халилов, як шикорчӣ аз вилояти Хатлон ба Озодӣ гуфт, соле як бор яроқҳои онҳо тафтиш мешуд. Ӯ мегӯяд, яроқи ӯ се моҳи пеш тафтиш шуда буд ва ҳоло боз ду рӯз пеш барои тафтиши ҳуҷҷат ва камони ӯ ӯро ба ШКД даъват кардаанд.

XS
SM
MD
LG