Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

5 нафар барои талоши пайвастан ба тундравҳо зиндонӣ шуданд


Додгоҳи Самарқанд 5 нафар сокинонро барои талоши пайвастан ба тундравҳои Давлати Исломии Сурия маҳкум ба зиндон кард.

Додгоҳ 12 август гуфт, ки 4 мард ва як занро аз 10 то 13 солӣ равонаи зиндон кардааст. Се нафари онҳоро мақомоти интизомии Русия дар шаҳри Сочӣ боздошт намудаанд. Онҳо мехостанд аз роҳи Туркия ба Сурия раванд. Русия онҳоро баъди боздошт ба Узбакистон истирдод кардааст.

Дар аввали моҳи июл низ 6 сокини Самарқанд барои талоши пайвастан ба тундравҳои Давлати Исломӣ дар Сурияву Ироқ маҳкум ба зиндон шуда буданд.

Дар охири моҳи июл 7 нафар шаҳрвандони Узбакистон, яъне сокинони Намангон аз 5 то 9 солӣ бо ҳамин иттиҳом ҳукми зиндон гирифтанд.

XS
SM
MD
LG