Пайвандҳои дастрасӣ

Размоишҳои Русия ва омодагии низомии Украина барои Қрим


Русия эълон кард, ки дар Баҳри Сиёҳ размоиши нируҳои дарёии худро анҷом медиҳад ва Украина нируҳои худро ба ҳолати омодагии низомӣ даровардааст. Дар ин миён Амрико аз ҳар ду ҷониб хостааст, ки хештандорӣ нишон диҳанд, чун барои нимҷазираи Қрим танишҳои нав ба вуҷуд омадааст.

Ин машқҳо замоне шуруъ мешаванд, ки як рӯз пеш Маскав иддао кард, ки аз ҳамлаи харобкорони Украина дар Қрим пешгирӣ кардааст. Чунин вазъ дар Украина ва ҷойҳои дигарҳаросеро бедор кардааст, ки мумкин аст Русия густариши ҷанги байни ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ва Киевро дар шарқи Украина барномарезӣ карда бошад.

Дар ҳамин ҳол Владимир Елченко-намояндаи Украина дар СММ изҳор дошт, ки Русия дар ҷаласаи Шӯрои Амният ҳеҷ далели қотеъ дар бораи амалиёти тахрибкоронаи кашфи Украина дар нимҷазираи Қрим пешниҳод накардааст.

Бино ба гуфтаи Елченко, дар марзи Қрими ишғолшуда бо Украина Русия 40 ҳазор нафар нируҳои низомии худро сафарбар кардааст.

XS
SM
MD
LG