Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди шадиди Абдуллоҳ аз Ашраф Ғанӣ


Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси иҷроии ҳукумати Афғонистон Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури ин кишварро бори аввал баъд аз ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ барои шиддат гирифтани нооромиҳо дар кишвар хеле сахт танқид кард.

Шоми 11 август Абдуллоҳ гуфт, Ғанӣ салоҳияти раҳбариро надорад, зеро натавонистааст муштаракан ислоҳоти интихоботиро анҷом диҳад.

Вай дар як баёнияи телевизионии худ гуфт: “Ҳукумат фалаҷ шудааст ва вазирон имкони гап заданро надоранд. Ғанӣ як соат гап мезанад, вале бояд 15 дақиқа ба вазирон низ гӯш диҳад. Агар касе ҳавсалаи баҳсро надошта бошад, лаёқати раёсати ҷумҳуриро ҳам надорад”.

Ба ин суханони Абдуллоҳ ҷониби раёсати ҷумҳурӣ то ҳол ошкоро ҷавоб надодааст. Тавзеҳоти телевизионии Абдуллоҳ дар бораи субот дар ҳукумати ваҳдати миллӣ, ки дар соли 2014 ташкил шуда буд, суолҳоеро ба бор овардааст. Дар интихобот ҳам Абдуллоҳ ва ҳам Ашраф Ғанӣ даъвои пирузӣ карда буданд.

Баъд аз интихобот мақоми раиси иҷроии ҳукумат бо миёнҷигарии Амрико эҷод шуда буд, то ба баҳсҳо хотима гузоранд.

XS
SM
MD
LG