Пайвандҳои дастрасӣ

ХФА видеои иқроршавии "харобкор"-и Украинаро нашр кард


Хадамоти федеролии амнияти (ХФА) Русия видеои иқроршавии Евгений Панов, шаҳрванди Украинаро, ки бо гумони омодагӣ ба "харобкорӣ" дар Қрими ғасбшуда дастгир шудааст, нашр кард.

Ба гуфтаи Панов, ба ҳайати гуруҳи онҳо афсарони хадамоти иктишофии Украина шомил ҳастанд.

Ӯро, ки гӯиё дар ҷангҳо зидди ҷудоихоҳон иштирок мекард, ба Киев даъват кардаанд ва ташкили гуруҳро барои харобкорӣ дар корхонаи кимиёӣ, гузаргоҳи киштиҳо, анбори нафт ва иншооти дигари нимҷазираи Қрим раҳбарӣ намудааст.

Панов мегӯяд, дар рафти амалиёт 5 ҷуфт либоси низомиёни Русияро истифода кардаанд ва ҳангоми омодагӣ дидан дар шаҳри Армянск махфигоҳеро низ бунёд кардаанд, ки дар он силоҳ ва маводи тарканда нигаҳдорӣ мешудааст.

ВКХ Русия рӯзи панҷшанбе ҳувияти "харобкор"-и дувуми боздоштшударо дар Қрим ошкор карда, гуфт, ӯ Андрей Захтей ном дорад. Бино ба изҳороти ин ниҳод, миёни боздоштшудаҳо шаҳрванди Русия низ ҳаст. Амалиёти хадамоти махсуси Русия дар Қрим "нобудсозии шабакаи ҷосусии Раёсати иктишофии Вазорати мудофиаи Украина" номгузорӣ шуд

Владислав Селезнев, сардори хадамоти матбуотии Ситоди кулли Украина худи он рӯз гуфт, дар посух ба тақвияти нерӯҳои Русия дар марз бо Қрим чора хоҳанд андешид. Селезнев афзуд, низомиёни Украина фармони Петр Порошенко, президенти ин кишварро иҷро хоҳанд кард. Вале ӯ дақиқан чизеро ном нагирифт.

ВКХ Украина аз созмонҳои байналмилалӣ даъват кард, ба ин "ҳангомаи Кремл" вокуниш нишон бидиҳанд ва аз САҲА хост, ҳузури нозиронашро дар марз бо Қрим пурзӯр намояд.

XS
SM
MD
LG