Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони се қазоқистонӣ барои таблиғи терроризм дар WhatsApp


Додгоҳе дар Оқтеппаи Қазоқистон се сокини шаҳри Шалкарро ба муҳлати аз 6,5 то 7 сол зиндонӣ кардааст.

Маҳкумшудаҳо дар таблиғи терроризм ё даъвати оммавӣ барои анҷоми амали террористӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ айбдор шудаанд.

Майрамбек Турганбаев, муҳандис-технологи 36-сола ба муҳлати 6,5 сол бо мусодираи молу мулкаш равонаи зиндон шуда, коргари пешини роҳи оҳан Толебой Маҷидови 38-сола ва Ергож Амангожини 36-сола, ки муваққатан бекор аст, дар барангехтани адовати иҷтимоӣ ё динӣ айбдор ва 7 солӣ бо мусодира молу мулк аз озодӣ маҳрум гардидаанд.

Маҳкумшудаҳо гӯиё дар WhatsApp гуруҳеро ташкил намуда, матолиби сомонаҳои фаъолияташон дар Қазоқистон мамнуъро паҳн мекардаанд. Бар пояи иттилои муфаттишон шумори аъзои ин гуруҳ ба 12 нафар мерасаидааст, вале танҳо зидди ин се сокини Шалкар барои "фаъол" буданашон парванда боз кардаанд. Ба гуфтаи муфаттишон, Маҷидов дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" саҳифаи махсусеро низ таъсис додааст.

Вакилони дифои маҳкумшудаҳо Раушан Изтилеукизи ва Бауирҷон Ерманов мегӯянд, аз ҳукми додгоҳ нисбати зерҳимояҳои худ розӣ нестанд ва ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Ба назари онҳо, зерҳимояҳояшон, ки 2 июни соли равон дастгир гардида буданд, дар қиёс ба ҳамлаҳои мусаллаҳонаи 5 июни Оқтеппа, ки мақомот онро амали террористӣ медонанд, ба муҳлатҳои тӯлонитар зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG