Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон эҳтимол аст, Интернет гарон шавад


Тарофаҳои Интернет дар Қирғизистон мумкин аст, 2-3 баробар гаронтар шаванд. Дар ин бора мудири Эътилофи ширкатҳои мобилии Қирғизистон Нурбек Абасканов хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, дар Қирғизистон Интернет тавассути Қазоқистон дастрас мешавад. Ахиран ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет аз Қазоқистон хабар додаанд, ки эҳтимол тарофаҳо гарон шаванд.

"Ҳамаи ширкатҳои мобилии қирғизӣ аз ҷониби провайдерҳои қазоқӣ огоҳӣ дарёфт кардаанд. Сабабҳои ин болоравӣ барои мо рӯшан нест. Ҳоло аз ҷониби Қазоқистон дар ин замина шарҳро интизорем", - афзудааст Абасканов.

Бино бар иттилои расмӣ, соли 2015 ширкатҳои мобилии қирғизӣ ба андозаи 18 миллиону 870 ҳазор сом (муодили 1,8 миллион сомонӣ) Интернет фурӯхтаанд. Ин нишондод нисбати соли 2014 1,8 фоиз бештар арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG