Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ширкати Google-ро 6,8 миллион доллар ҷарима кард


Хадамоти федеролии зиддиинҳисории (ХФЗ) Русия ширкати Google-ро барои нақзи қонун "Дар бораи ҳифзи рақобат"-и ин кишвар 438 миллион рубл ё худ 6,8 миллион доллар ҷарима намудааст.

Бино ба иттилои ХФЗ, ҳаҷми ҷарима бо назардошти фурӯши замимаҳои мағозаи Google Play дар бозори дохилӣ муайян шудааст. Масъулини ширкати амрикоӣ гуфтанд, ки аввал қарори хадамоти Русияро меомӯзанд ва баъд тасмим хоҳанд гирифт.

Баъди шикояти Yandex дар моҳи сентябри соли гузашта ХФЗ ба хулосае омад, ки ширкати Google қонунгузории Русияро вайрон менамояд. Ба гуфтаи ин ниҳод, Google гӯиё аз истеҳсолгарони телефонҳои мобилии Android талаб менамудааст, ки барои дастрасӣ ба Google Play бояд нахуст замимаи Google-ро насб кунанд.

Масъулини ХФЗ мегӯянд, ҳамчунин дар телефонҳо имконияти насби замимамҳои дигар ба монанди Yandex'а маҳдуд шудааст.

XS
SM
MD
LG