Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оҷонсӣ хабари раҳоии ду корманди аршади КДАМ-ро беасос донист


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабарҳо дар робита ба раҳо шудани ду корманди аршади Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро радд кард. Ин ду корманди КДАМ чанде қабл аз сӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба иттиҳоми ришваситонӣ ва сӯистифода аз мақом, боздошт шуда буданд.

Убайдзода Ардашери Ҷӯра, раиси Дафтари матбуоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 12 август ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари раҳо шудани ду корманди аршади амният аз боздоштгоҳи ин оҷонсӣ, асосе надорад. Вай афзуд, ки феълан парвандаи онҳо таҳти мӯҳри комилан сиррӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҷаноби Убайдзода ҳамзамон афзуд, ки сабаби пахш шудани ҳамчунин хабар оид ба раҳоии онҳо, то ҳол барои онҳо норӯшан аст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 8 август бархе аз расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба манобеи худ оид ба раҳоии ин ду корманди аршади КДАМ хабарҳо пахш карданд. Дар ин хабарҳо аз ҷумла гуфта мешуд, ки ин ду нафар, ки дар гузашта раҳбарии раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ба ӯҳда доштанд, бо шарти тағйир надодани макони зист раҳо шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо идома дорад.

Авохири моҳи гузашта баъзе аз расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла, сомонаҳои марбут ба мухолифин, дар бораи боздошти ин ду корманди амниятӣ бо иттиҳоми ришватситонӣ иттилоъ дода буданд, аммо ин хабар расман тайид ё инкор нашуда буд.

Муовини раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон Давлатбек Хайрзода рӯзи 29 июл дар нишасти матуботии ин ниҳод боздошти ин ду корманди Кумитаи амнияти кишварро тасдиқ кард ва зикр намуд, таҳти муҳри сиррӣ парвандаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG