Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти бозрасии шиносномаҳои сокинон дар Кӯлоб


Идораи пулиси шаҳри Кӯлоб.

Идораи пулиси шаҳри Кӯлоб.

Дар Кӯлоб амалиёти пулис барои муайян кардани ҷои будубоши сокинон идома дорад. Даҳҳо тан аз сокинони шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки кормандони милиса ба манзилҳои онҳо омада ва шиносномаву ҷои будубоши онҳоро тафтиш мекунанд.

Як масъули шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Кӯлоб ҷумъаи 12-уми август ин хабарро ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард ва гуфт, ки ин кор барои ташрифи президент Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб, рӯи даст гирифта шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, "ин санҷишҳо барои ташрифи президент ба шаҳри Кӯлоб аст. Аз ин рӯ, мо ҳама хонаҳоро аз қайд мегузаронем ва касоне, ки дар қайд нестанд, бояд худро ба қайди муваққатӣ ё доимӣ гиранд. Зеро ҳодисаҳое мешавад, ки баъзе раисони маҳаллӣ намедонанд, бахусус дар хонаҳои баландошёна".

Лутфия, як сокини маҳаллаи Шамсиддини Шоҳин ҷуъмаи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин субҳ кормандони милиса дари ӯро кӯфтанд ва хоҳиш карданд, ки шиносномаашро нишон диҳанд. Ӯ мегӯяд, "аз кормандони пулис пурсид, ки ин барои чӣ аст, дар посух гуфтанд, ки барои дақиқ донистани ҷои истиқомати сокинон."

​Ин барои бори аввал аст, ки дар шаҳри Кӯлоб кормандони милиса ба хонаҳои сокинони рафта аз онҳо шиноснома талаб мекунанд ва ҷои будубоши онҳоро ба қайд мегиранд. Кӯлоб савумин шаҳри бузург дар Тоҷикистот ба ҳисоб меравад ва дар ин шаҳр як донишгоҳу донишкада, ва чор коллеҷ фаъолият мекунад, ки дар он ҳамасола даҳҳо шаҳрванд аз гӯшаҳои гуногун ба ин шаҳр ворид мешаванд, ва аксари онҳо аз набуди хобгоҳ дар хонаҳои иҷора ё наздиконашон ба сар мебаранд.

Дар хамин ҳол, хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 12 август аз қавли манобеи худ дар сохторҳои қудратӣ хабар дод, ки амалиёти тафтиши шиносномаҳо ва ҷои буду боши сокинон дар шаҳри Душанбе низ ҷараён дорад. Ба гуфтаи мақомот, ин иқдом дар остонаи ҷашни 25-умин солгарди Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст. Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр 25-уми солгарди истиқлолияти худро таҷлил мекунад.

XS
SM
MD
LG