Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА дар Киев Русияро дар дурӯғпароканӣ айбдор намуд


Ҷефрӣ Пайетт
Ҷефрӣ Пайетт

Сафири ИМА дар Украина Ҷефрӣ Пайетт дар робита ба хабари Хадамоти федеролии Русия оид ба боздошти «диверсантҳо ё харобкорони украинӣ» дар нимҷазираи Қрим Маскавро дар дурӯғпароканӣ айбдор намуд.

Дипломати амрикоӣ дар Твиттер навишт, ин аввалин иттиҳоми дурӯғини Русия дар баробари Украина нест, ки ба хотири аз аъмоли ғайриқонунияш ба дигар тараф ҷалб кардани таваҷҷуҳ ироа мешавад.

Ҷефрӣ Пайетт ҳамчунин ёдовар шуд, Амрико Қримро қаламрави Украина мешуморад ва ҳама таҳримҳои зидди Русия дар робита ба илҳоқи Қрим то замоне боқӣ хоҳанд монд, ки ин нимҷазира аз сӯи Русия идора мешавад.

Аз ин пеш намояндаи доимии Украина дар СММ Владимир Елченко изҳор намуд, ки Киев баъди хабари Хадамоти федеролии амнияти Русия дар бораи боздошти гурӯҳи амниятиҳои украинӣ, ки гӯиё мехостанд дар Қрим ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд, ба Шӯрои амнияти СММ шикоят мебарад.

Муносибати Русия ва Украина баъди нашри хабар дар бораи боздошти "харобкорон" дар Қрим, ки гӯё кормандони ниҳоди иктишофии Украина будаанд, якбора бад шуд. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия гуфт, ҳукумати Украина ба таҷрибаи террор гузаштааст ва дар ин шароит мулоқоти "формати нормандӣ" дар масъалаи танзими низоъи Донбасс "бемаънист".

XS
SM
MD
LG