Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наргис Зокирова ба назди Рамазон Қодиров бо ҳиҷоб омад


Наргис Зокирова, сарояндаи маъруфи ӯзбек дар саҳифаи Фейсбукиаш навишт, ки меҳмони Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон шудааст ва аксеро ҳам аз ин меҳмонӣ дар саҳифааш нашр кардааст.

Дар шарҳи акс сароянда аз меҳмондории гарми роҳбари Чеченистон миннатдорӣ карда, менависад, ки ифтихори зиёрат аз маконҳои муқаддаси шаҳр насибаш шудааст.

"Сари таъзим фуруд меорад ба Шумо, барои ҳар он чӣ ки баҳри шаҳри худ кардаеду мекунед. Сипос ба ту, хоҳари ман, Чеченистон! Сипос ба ту, бародар Грозний! Азизони ман, ман шуморо самимона дӯст доштам, Худо нигаҳдори шумо", навиштааст вай. Аммо ҳоло дақиқ нест, ки Зокирова кай ва бо кадом сабаб ба Чеченистон рафтааст.

Наргис Зокирова дар Тошканд таваллуд ва бузург шудааст. Вай соли 1995 ба ИМА ҳиҷрат кардаст. Зокирова баъди пирӯзи дар барномаи тафреҳии Шабакаи аввали Русия - "Садо" дар соли 2014 маъруф шуд.

Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон ба таври мудовим ситораҳои дохиливу хориҷии Русияро ба меҳмонӣ даъват мекунад. Дар гузашта Майк Тайсон, Ваннеса Мэй, Жан-Клод ван Дамм, Дима Билан ва Филипп Киркоров меҳмони Қодиров буданд.

XS
SM
MD
LG