Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Киев баъди хабари Хадамоти федеролии амнияти (ХФА) Русия дар бораи боздошти харобкорони украинӣ, ки гӯиё мехостанд дар Қрим ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд, ба Шӯрои амнияти СММ шикоят мебарад. Дар ин бора намояндаи доимии Украина дар СММ Владимир Елченко рӯзи 11 август иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Елченко, ин масъала ҳоло баррасӣ мешавад ва Киев ҳар лаҳза ба ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ омода аст.

Муносибати Русия ва Украина баъди нашри хабари ХФА-и Русия дар бораи боздошти "харобкорон" дар Қрим, ки гӯё кормандони ниҳоди иктишофии Украина будаанд, якбора бад шуд. Владимир Путин, президенти Русия гуфт, ҳукумати Украина ба таҷрибаи террор гузаштааст. Дар ин шароит мулоқоти "формати нормандӣ" дар масъалаи танзими низоъи Донбасс "бемаънист", афзуд Путин.

Раисиҷумҳури Украина Петр Порошенко мегӯяд, Украинаро ба анҷоми амалҳои террористӣ дар Қрим айбдор кардани Русия амали бешармонаву бемаънист. "Ин монанд ба ҳамон изҳороти раҳбарияти Русия аст, ки гуфт, низомиёни кишвараш дар Донбасс ҳузур надоранд. Ин афсонаҳо - баҳонаҳои дигаре барои таҳдиди Украина ҳастанд", - изҳор доштааст Порошенко.

XS
SM
MD
LG