Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон чораҳои амниятиро таҳким мебахшад


Вазири умури дохилии Олмон чораҳои таҳкими амният дар кишвар баъд аз ҳамлаҳои террористии моҳи гузаштаро ироа хоҳад кард. Қарор аст, ки Томас де Маизиере дар бораи чораҳои таҳкими амният рӯзи 11 август дар нишасти хабарӣ иттилоъ диҳад.

Хабаргузории олмонии ДПА навиштааст, қарор аст, ки пӯшидани ҳиҷоб аз сӯи занони мусалмон манъ карда шавад ва мақомоти амниятӣ иҷозаи бозҷӯии кӯдакони аз 14 –сола поёнро дарёфт намоянд. Бар пояи тарҳе, ки дастраси расонаҳо шуд, ҳамчунин назорат аз тариқи видеокамераҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пурзӯр шуда, теъдоди кормандони полис 15 ҳазор нафар афзоиш меёбад ва фурӯши силоҳ ба гумонбарони терроризм манъ карда мешавад.

Моҳи гузашта бар асари ду ҳамла – дар қатора дар канори шаҳри Вурзбург ва дар наздикиҳои ҷашнвораи мусиқӣ дар шаҳри Ансбах 20 нафар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифта буд.

Ҳамчунин дар як ҳамла аз сӯи ҷавони 18-солаи олмонии эронитабор дар як маркази тиҷорати шаҳри Мюнхен 9 нафар ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, ки ин ҷавон гирифтори маризии рӯҳӣ буд.

XS
SM
MD
LG