Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умарҷони Эмомалӣ сухангӯи ВКД шуд


Умарҷони Эмомалӣ, подполковники милитсия, бо фармони вазири корҳои дохилӣ раиси Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шуд. Маҳбуба Гулова, масъули сомонаи расмии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Умарҷони Эмомалӣ 9-уми август бо фармони вазири корҳои дохилӣ ба вазифаи сардори Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилӣ таъин карда шуд.

Вай гуфт, ки то ба ҳол дар ин вазифа Нусратуллои Саид ба таври муваққатӣ фаъолият дошт. Нусратуллои Саид баъди ба вазифаи муовини сардори Раёсати ташкилии ин вазорат таъин шудани Ҷалолиддини Садриддин, ду ҳафта масъулияро бар дӯш дошт.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Умарҷони Эмомалӣ солҳои 1999 - 2001 ба ҳайси муфаттиши Шӯъбаи тафтишотии Раёсати ВКД, солҳои 2001-2002 муфаттиши Шӯъбаи тафтишотӣ оид ба тафтиши ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мазкур, аз соли 2002 то соли 2004 муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии РВКДН, аз соли 2004 то соли 2010 сардори шӯъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҳисор кор кардааст.

Ӯ солҳои 2010-2014 муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати тафтишотии ВКД, солҳои 2014-2015 сардори Шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва аз моҳи июли соли 2015 дар мақоми муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

XS
SM
MD
LG