Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФСБ: Нирӯҳои Украина қасди вуруд ба Қримро доштанд


Русия мегӯяд, аз талошҳои Украина барои анҷоми саботаж дар дохили нимҷазираи Қрим бо ҳадафи тахриби зербинои муҳим пешгирӣ кардааст. Киев ин иддаоро рад мекунад. ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия рӯзи 10 август гуфт, “ҳамлаҳои террористӣ” аз сӯи хадамоти иктишофии вазорати дифои Украина таҳия шуда буд. ФСБ гуфт, яке аз ҷосусон дар даргириҳои мусаллаҳонаи шаби 6 ба 7 август барои боздошти “саботажчиҳо” дар шаҳри Армянск кушта шуд. Ба гуфтаи ФСБ, аз ҷои ҳодиса 20 бомб, таҷҳизот ва минаҳо ёфт шудаанд. Ин идора афзуд, шабакаи ҷосусии Украина хунсо карда шуда, шаҳрвандони ҳам Украинаву ҳам Русия дастгир гардиданд. ФСБ ҳамчунин ҳалокати як сарбози Русия дар даргириҳои рӯзи 8 август бо боз ду гурӯҳи саботажчиҳоро тасдиқ кард. Сухангӯи хадамоти иктишофии вазорати дифои Украина даъвои бо нирӯҳои Русия даргир шудани нирӯҳои Украина бо ҳадафи вуруд ба нимҷазираи Қримро рад кард. Ин вилояти Украина дар моҳи марти соли 2014 аз сӯи Русия ғайриқонунӣ тасарруф шудааст.

XS
SM
MD
LG