Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмону Атмар ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд


Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар рӯзи 10 август муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо баррасӣ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳамкорӣ бо Афғонистон дар авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад. Сӯҳбатҳо марбут ба тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамкорӣ дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатӣ будааст. Ҷонибҳо ба танзими беҳтари кори гузаргоҳҳои сарҳадӣ, ҳамоҳангии беҳтари кори нерӯҳои сарҳадӣ ва таҳкими робитаҳо дар пешорӯи таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ таъкид карданд.

XS
SM
MD
LG