Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои сармураббии тоҷикистонии "Локомотив"


Игор Черевченко
Игор Черевченко

Игор Черевченко, фарзанди футболбози маъруфи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко, рӯзи 10 август расман аз мақоми сармураббии тими футболи “Локомотив”-и Маскав рафт. Черевченко, ки аз моҳи июни соли 2015 ба “Локомотив” раҳбарӣ мекард, баъд аз ду мусовии тимаш дар ду бозии аввали қаҳрамонии имсолаи футболи Русия эълони истеъфо кард.

Игор Черевченко соли 1974 дар Душанбе ба дунё омада, солҳои 1992-1994 дар ҳайъати “Помир” ва тими миллии Тоҷикистон ва аз миёнаи солҳои 90 дар тимҳои “Локомотив”-у “Торпедо”-и Маскав ва “Алания”-и Владикавказ бозӣ кардааст. Ӯ баъд аз Юрий Сёмин, Рашид Раҳимов ва Эдгар Гэсс чорумин намояндаи футболи Тоҷикистон аст, ки ба мақоми сармураббии тимҳои футболи Премер-Лигаи Русия расидаанд. Черевченко як сол пеш баъди интихобаш ба мақоми сармураббии “Локомотив” нахустин мусоҳибаашро бо Радиои Озодӣ дода ва гуфта буд, ки вазифааш ба унвони қаҳрамонӣ расондани ин тими маъруф аст.

XS
SM
MD
LG