Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Азми Русияву Туркия барои бунёди як "механизми қавӣ"


Вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Човушуғлу рӯзи 10 август гуфт, Анкара ва Маскав дар мавриди зарурати оташбас дар Сурия, ироаи ёриҳои башарӣ ва ҳалли сиёсӣ ба хотири хатми ҷанги Сурия дидгоҳҳои ҳамсон доранд. Ӯ гуфт, Туркияву Русия “механизми қавӣ”-е барои ҳамкорӣ дар масъалаи Сурия хоҳанд сохт. Човушуғлу, ки дар пайи дидори руасои ҷумҳуриҳои Русия ва Туркия Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар Петербург сӯҳбат мекард, афзуд, ҳайъати вазорати хориҷаи Туркия рӯзи 10 август низ музокираҳоро бо Русия идома медиҳад. Русия аз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад пуштибонӣ мекунад, вале Туркия мухолифи раёсати ӯст. Анкараву Маскав ҳамчунин дар пайи суқути ҳавопаймои ҷангии Русия дар марзи Туркия бо Сурия дар ноябри соли 2015 танишҳои ҷиддие доштанд. Вале Путин ва Эрдуғон дар мулоқоти рӯзи 9 август ҷиҳати эҳёи равобити ду кишвар тааҳҳуд супурданд. Човушуғлу гуфт, беҳбуди равобит бо Маскав ба маънои паём ба муттаҳидони ғарбии Туркия нест. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо таъқиби мухолифин баъд аз кӯшиши табаддулоти низомии 15 июл дар Туркияро ба интиқод кашидаанд. Човушуғлу танқидҳои Иттиҳодияи Аврупоро иштибоҳи ҷиддӣ номид.

XS
SM
MD
LG