Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайкалтароши маъруфи руси муқими Амрико Эрнст Неизвестний рӯзи 9 август дар синни 91 дар шаҳри Ню-Йорк аз олам чашм пӯшид. Расонаҳо аз қавли дӯстони ҳайкалтарош дар Ню-Йорк навиштанд, ки ӯ бо дарди шикам бистарӣ шуда, дар бемористон вафот кардааст.

Неизвестний аз собиқадорони Ҷанги бузурги ватанист. Дар соли 1962 раҳбари вақти Шӯравӣ Никита Хрушёв асарҳои ӯро ба боди сахти интиқод кашид. Бо амри тақдир, ворисони Хрушёв сохтани санги сари мазори ӯро маҳз ба Эрнст Неизвестний фармоиш доданд. Неизвестний дар соли 1976 тарки Иттиҳоди Шӯравӣ кард ва баъди як соли зиндагӣ дар Швейтсария ба Ню-Йорк кӯчид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG