Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 11 навзод дар сӯхтор


Бемористони Ярмук

Бемористони Ярмук

Дар Бағдод волидони мотамзада дар пайи сӯхтор дар бемористони Ярмук кӯдакони гумшудаашонро меҷӯянд. Дар сӯхтори шаби 10 август дар ин зоишгоҳ дастикам 11 кӯдак ҳалок шуданд. Аҳмад Рӯдонӣ, сухангӯи вазорати тандурустии Ироқ гуфт, тафтиши аввалия нуқсон дар шабакаи барқро иллати сӯхтор дарёфтааст. Ҳусейн Умар, як коргари 30-солаи сохтмон гуфт, дар ин фалокат дугоникҳояш – як писар ва як духтарро, ки тоза ҳафтаи гузашта ба дунё омада буданд, аз даст додааст. Хабаргузории мустақили Mada Press хабар дод, ки дар пайи сӯхтор 29 зан ва 7 кӯдаки навзодро тавонистаанд аз ин бемористон кӯч диҳанд.

XS
SM
MD
LG