Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади як сокини Файзобод аз зери хок ёфт шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҷасади як сокини Файзободро пас аз чаҳор рӯзи нопадид шуданаш дар яке аз боғҳои ҳамин ноҳия ва аз зери хок пайдо карданд. Афроди то ба ҳол барои тафтишот номаълум Саидаҳмад Раҳматуллоев, сокини деҳаи Ҳаймуҳаммади ҷамоати Бӯстони ноҳияи Файзободро, ки дар нерӯгоҳи "Роғун" кор мекард, бо чанд зарби кор ба ҳалокат расонида ва сипас дар яке аз боғҳо зери хок намуданд. Саидаҳмад Раҳматуллоев чаҳор рӯз қабл дар зодгоҳаш нопадид шудааст ва ҷасади ӯро танҳо рӯзи гузашта пайдо карданд ва имрӯз, 10 август ба хок супурданд.

Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Файзобод мегӯяд, ки ҳоло бар асоси ташхиси судӣ-тиббӣ ва осори захмҳое, ки дар бадани Саидаҳмад Раҳматуллоев мушоҳида шуд, тафтишот шурӯъ шудааст. Капитан Аминов, корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Файзобод рӯзи 10 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Саидаҳмад Раҳматуллоевро намояндаҳои Маркази ташхиси тибии ноҳияи Ваҳдат мавриди омӯзиш қарор дода ва хулосаи худро ба шӯъбаи корҳои дохилии Файзобод пешниҳод кардаанд. Вай аз ироаи маълумоти бештар дар ин робита худдорӣ кард.

Дар ҳамин ҳол Маҳмадулло Раҳматуллоев, бародари Саидаҳмад Раҳматуллоев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чаҳор рӯз қабл Саидаҳмад барои таътили чандрӯза аз Роғун ба назди фарзандонаш омада буд ва як рӯз баъд нопадид шуд. Ба гуфтаи вай, танҳо баъди иттилои сокинон, ки дар як боғи деҳаи Ҳаймуҳаммад ҷои кофтаро мушоҳида карданд, ҷасади бародараш пайдо шуд. Маҳмадулло Раҳматуллоев афзуд, “моро нагузоштанд, ки ҷасадро гирем. Ба мо гуфтанд, ки милисаҳоро хабар кунед, баъд онҳо ҳамроҳи як гурӯҳ аз маркази ташхиси судии ноҳияи Ваҳдат омаданд ва ҷасадро аз хок гирифтанд ва тафтишу ташхис карданд”.

Ба гуфтаи Маҳмадулло, ҳини ташхис ва дар вақти шустани ҷасади Саидаҳмад, чанд зарби корд дар баданаш дида мешуд ва доғҳои сиёҳ дар сару рӯяш намудор буданд. Аз Саидаҳмад 5 фарзанд боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG