Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия фишор ба Амрикоро барои рӯҳонӣ афзоиш медиҳад


Бекир Боздаг
Бекир Боздаг

Туркия фишор бар Амрикоро афзоиш медиҳад, то Фатҳулло Гулен-рӯҳонии Туркияро, ки барои талоши кудетои 15 июл гунаҳгор дониста мешавад, ба Анакара баргардонад.

Бекир Боздаг-вазири адлияи Туркия гуфт, эсосоти зидди амрикоӣ дар Туркия дар атрофи масъалаи рӯҳонӣ Фатҳулло Гулен ба “авҷи олӣ” расидааст ва он ба бадбинӣ табдил меёбад.

Боздаг ҳамчунин 9 август ба хабаргузории Анадолу гуфт, ки агар Вашингтон Гуленро боз надиҳад, дар он сурат иттиҳоди худро бо Анкара “қурбон” мекунад. Гулен ҳоло дар Пенсилванияи Амрико дар паноҳандагӣ ба сар мебарад.

Туркия ҷунбиши зери раҳбарии Гуленро созмони террористӣ эълон кард ва мехоҳад, ки барои ба додгоҳ кашидан вайро ба Туркия истирдод кунанд. Вале Гулен ҳар гуна иртибот бо кудеторо рад мекунад.

XS
SM
MD
LG