Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Табибони бидуни марз": Дар Сурия беморхонаи кӯдакона бомбаборон шудааст


Созмони байнулмилалии "Табибони бидуни марз" мегӯяд, охирҳои ҳафтаи гузашта як беморхонаи кӯдакона дар шаҳри Идлиби Сурия ҳадафи зарбаҳои ҳавоӣ қарор гирифтааст.

Бино ба иттилои созмон, дар натиҷаи ин ҳамла 13 нафар ҷон додааст. "Аз чаҳор зарба ду тоаш рост ба беморхона афтид", - мегӯянд кормандони созмонҳои башардӯстона.

Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии нисфирӯзии 6 август шаш корманди беморхона низ захмӣ шудааст. Ин ҳамлаҳоро кадом ҷониб анҷом додааст, ҳанӯз маълум нест.

СММ моҳи гузашта гуфта буд, 44 ҳолати ҳамла ба иншооти тандурустии Сурия сабт шудааст. Ҳукумати Сурия ва Русия, ки аз моҳи сентябри соли гузашта ба ин сӯ, амалиётҳои низомию ҳавоии муштарак анҷом медиҳанд, мегӯянд, беморхонаҳоро ҳадаф қарор надодаанд.

Моҳи октябри соли 2015 беморхонаи "Табибони бидуни марз" дар Ироқ иштибоҳан аз сӯи неруҳои ҳавоии ИМА бомбаборон шуда буд. Дар натиҷаи он 42 нафар кушта шуд, ки баъдан мақомоти ИМА барои ин фоҷеа узр пурсиданд.

XS
SM
MD
LG