Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп мегӯяд, номаҳои Клинтон сабаби эъдоми Амирӣ шудааст


Доналд Трамп

Доналд Трамп

Доналд Трамп-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико аз Ҳзби Ҷумҳурихоҳ мегӯяд, ки номаҳои рақиби интихоботии вай Ҳилларӣ Клинтон сабаби марги донишманди ҳастаии Эрон шудааст. Вайро барои ҷосусӣ ба нафъи Амрико эъдом карданд.

Трамп 8 август дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст, “бисёриҳо мегӯянд, эрониҳо донишмандеро, ки ба Амрико ёрӣ расондааст, барои он куштаанд, ки номаҳои электронии Ҳилларӣ Клинтонро дуздида буданд.

Сенатор Том Коттон ҳам, ки аз Трамп ҷонибдорӣ мекунад, ба иртиботи номаҳои электронии номзади Ҳизби Демократ бо эъдоми Шаҳроми Амирӣ ишора кардааст. Ин номаҳо гӯё ҳангоми кори номзади демократҳо дар мақоми вазири корҳои хориҷаи Амрико дар соли 2010 фиристода шудааст. Шаҳром Амирӣ 7 август эъдом шуд.

Амирӣ, ки бо маълумоти маҳрами вақт дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон ошно буд, соли 2009 ба Амрико фирор кард. Вале як сол баъд дар соли 2010 ба Эрон баргашт ва иддао кард, ки вайрокормандони Идораи марказии кашфи Амрико рабудаанд ва хостааст ба ватан баргардад.

Дарвоқеъ, вайро чун қаҳрамон дар Эрон пазироӣ карданд, вале баъдтар аз назарҳо ғайб зад. Парвандаи вайро ҳамкорони хонум Клинтон дар номаҳо баррасӣ кардаанд.

Яке аз номаҳо 5 июли соли 2010 даҳ рӯз пеш аз бозгашти Амирӣ ба Эрон аз ҷониби Ҷейк Сулливан-мушовири аршад ба хонум Клинтон фиристода шудааст, ки ба ҳамин донишманди ҳастаии Эрон иртибот доштааст.

XS
SM
MD
LG