Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон ва Путин ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд


Эрдуғон ва Путин (акс аз бойгонӣ)
Эрдуғон ва Путин (акс аз бойгонӣ)

Раҷаб Тайип Эрдуғон ва Владимир Путин-раисони ҷумҳури Туркия ва Русия бо ҳам музокира мекунанд, то ба марҳилаи таниши муносибатҳо хотима бахшанд.

Дар остонаи мулоқоти 9 август Эрдуғон гуфт, ки мехоҳад муносибатҳоро бо Русия аз сафҳаи ҷадид оғоз кунад ва ҳамкориҳоро дар чанд бахш аз сар бигирад.

Вай ба хабаргузории ТАСС гуфт: “Дар робитаҳои Русияву Туркия сафҳаи нав боз хоҳад шуд. Ин сафҳаи нав ҳамкориҳоро дар бахшҳои низоми, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар бар мегирад”.

Робитаҳои дуҷонибаи ин ду кишвар баъд аз суқут додани ҳавопаймои низомии Русия дар наздикии марз бо Сурия тавассути Туркия дар моҳи ноябри соли 2015 халалдор шуд. Русия бар зидди Туркия таҳрим ҷорӣ кард ва дар нимсолаи аввали 2016 шумораи сайёҳони Русия ба Туркия 87 дарсад коҳиш ёфт.

Мулоқоти Путин ва Эрдуғон дар ҳоле сурат мегирад, ки баъд аз талоши кудетои нофарҷоми 15 июли соли ҷорӣ робитаҳои Туркия бо Ғарб сард мешавад.

XS
SM
MD
LG