Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи таслияти Раҳмон ба нахуствазири Покистон


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар иртибот ба талафоти одамон бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Кветтаи Покистон ба Муҳаммад Навоз Шариф, нахуствазири ин кишвар номаи таслият фиристодааст. Дар паёми тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад, ки ин хабарро “бо андӯҳу нафрати беандоза дарёфтам”. Ба қавли раисиҷумҳур, “Тоҷикистон ин амали маргталабонаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд.” Тибқи хабарҳои охирин бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар назди дарвозаи бемористони шаҳри Кветта дар шимолуғарби Покистон ба камияш 53 нафар ҷон бохтанд. Пулис гуфт, дар натиҷаи таркиши рӯзи 8 август, ки чанд лаҳза баъди ба ин бемористон овардани ҷасади кушташудаи вакили дифои шинохта Билол Касӣ рух дод, даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Сарбоз Бугтӣ, вазири дохилаи вилоят ин ҳамларо ҳамчун “амали террористӣ” маҳкум кард. Касе ҳанӯз масъулияти ҳамлаи маргталабона ба бемористони Кветтаро ба дӯш нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG